Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷопон баъди як моҳи фалокатҳои табиӣ


Харобазоре, ки сунамӣ аз худ боқӣ гузоштааст

Харобазоре, ки сунамӣ аз худ боқӣ гузоштааст

Аз замони вуқӯъи заминларза ва сунамии вайронгару маргбор дар Ҷопон расо як моҳ сипарӣ шуд ва Ҷопон ҳанӯз ҳам барои рафъи як паёмадҳои он дасту по мезанад. Имрӯз соати 11:46 ба вақти Душанбе, дар Ҷопон ба хотираи бештар аз 13 ҳазор нафар аз қурбониёни ин фалокатҳо лаҳзае сукут мекунанд. Заминларза ва сунамии рӯзи 11 март манотиқи васеъеро дар Ҷопон вайрону валангор кард ва ба нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима Дайичӣ садама зад, ки имрӯз ҳам талошҳо барои монеъ шудан ба ихроҷи радиатсия аз он ба Уқёнуси Ором ва ҳаво идома дорад. Бино ба арзёбиҳо Ҷопон барои барқарории манотиқи вайроншуда ба 300 миллиард доллар ниёз дорад. Наото Кан, нахуствазири Ҷопон рӯзи якшанбе ваъда дод, ки ҳеҷ гоҳ бозмондагони фалокатро танҳо нахоҳад гузошт ва ҳукуматаш саъй хоҳад кард, даҳҳо ҳазор нафарро, ки дар паноҳгоҳҳои мувақаттӣ ба сар мебаранд, ҳарчӣ зудтар бо сарпаноҳ таъмин кунад.
XS
SM
MD
LG