Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Миср Ҳуснӣ Муборакро бозпурсӣ кард


Ҳуснӣ Муборак, дигар раиси ҷумҳури Миср нест

Ҳуснӣ Муборак, дигар раиси ҷумҳури Миср нест

Додситонии Миср, Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқ ва писарони ӯро дар иртибот ба парвандаи қатли тазоҳургарон ва дуздии пули давлат бозпурсӣ кардааст, иттиҳомоте, ки Ҳуснӣ Муборак иттиҳомот алайҳи ӯ бепоя аст. Додситони Миср пеш аз даъвати раиси ҷумҳури собиқ барои бозпурсӣ, Аҳмад Назиф, нахуствазири собиқро бо иттиҳоми барҳадар додани пулҳои давлатӣ боздошт кард. Айни замон садҳо тазоҳургар рӯзи якшанбе низ дар майдони Таҳрири шаҳри Қоҳира монданд. Онҳо талаб доранд, то Маршал Муҳаммад Ҳусейн Тантавӣ, вазири дифоъ ва раҳбари Шӯрои низомии ҳоким бар Миср, аз мақомаш истеъфо диҳад. Тазоҳургарон ҳамчунин аз он юриши сарбозон ба нишеманҳои онҳо ба хашм омадаанд, ки дар натиҷаи ин юриши рӯзи шанбе дасти кам як нафар кушта ва 70 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Шӯрои низомии Миср ҳушдор дод, ки ҳозир аст, барои аз майдон рондани тазоҳургарон аз нерӯ истифода кунад.
XS
SM
MD
LG