Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Сурия шаҳри Бониёсро муҳосира карданд


Ба думболи муҳосираи шаҳри бандарӣ ва муҳими Бониёси Сурия ва манъи рафтуомад аз тарафи артиш, аз инҷо садои тирандозӣ ба гӯш расидааст. Мозен Дарвез, фаъоли ҳуқуқи инсон гуфт, барои пароканда кардани тазоҳургарон, артиши Сурия аз нерӯ истифода мекунад ва ба ин шаҳр дасти кам чаҳор танк ворид шудааст. Бинобар он ки иртибототи интернетӣ ва телефон ба шаҳри Бониёс қатъ шудааст, таъйиди дурустии ин ахбор мушкил аст. Башшор Ассад, раиси ҷумҳури Сурия, ки таҳти фишори тазоҳургарон қарор гирифтааст, рӯзи якшанбе ба хабаргузории расмии САНА гуфт, “ҳукуматаш дар пайи иҷрои ислоҳоти фарогир” аст. Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи инсон, нерӯҳои Сурия, рӯзи шанбе дар шаҳри Даръо ва атрофи он зимни як маросими мотам дасти кам 28 нафарро куштаанд.
XS
SM
MD
LG