Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари набардҳо дар шаҳри Адҷабия ва атрофи он тайи ду рӯзи ахир дасти кам 12 нафар кушта ва чандин нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ин бора хабаргузории Франс-Пресс бо такя ба иттилоъи табибони шаҳри Бенғозӣ иттилоъ додааст.

Намояндагони Шӯрои миллии ташкилкардаи ошӯбгарони Либия хабар доданд, ки дар набардҳо барои Адҷабия се зархарид аз Алҷазоир, ки аз тарафи Қаззофӣ меҷангиданд, кушта шуда 15 алҷазоирии дигар асир уфтодаанд.

Қарор аст, ки рӯзи душанбе раҳбарони панҷ кишвари африқоӣ ба хотири миёнҷигарӣ байни ҳукумати Либия ва мухолифин ба Триполӣ ва Бенғозӣ сафар кунанд. Сарони Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Ҷумҳурии демократии Конго, Мавритания, Малӣ ва Уганда бо раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ва раҳбарони Шӯрои миллии муваққат музокирот анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG