Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати сарони қабилаҳо дар таркише дар Фараҳ


Бар асари таркиш дар вилояти Фараҳ, воқеъ дар ғарби Афғонистон, се тан аз сарони қабилаҳо кушта шуданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, мошини онҳо дар ҳоле ба минаи сарироҳӣ бархӯрд, ки сарони қабилаҳо барои мулоқот бо дигар раҳбарони қабоил ва мардуми вилояти Фараҳ мерафтанд. Яке аз қурбониёни ҳодиса – созмондиҳандаи ин мулоқот буд.

Масъулияти ҳамлаи террористӣ бар дӯши ҷангиёни толибон гузошта шудааст, ки сарони қабилаҳоро барои ҳамкорияшон бо ҳукумат пайваста ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG