Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ низомҳои худкомаи чанд кишвар, аз ҷумла, ҳукумати Либияро бо силоҳ таъмин мекунад.

Дар ин бора нашрияи маҳаллии Sunday Independent бо такя ба манбаъҳои сиррии ҳукуматӣ хабар додааст.

Бар пояи иттилоъи Кумитаи назорат аз болои силоҳи муқаррарӣ, соли гузашта ҳукумати Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ ба 78 кишвар ба маблағи 5 миллиарду 300 миллион доллар силоҳ фурӯхтааст.

Мухолифин ҳукуматро дар фурӯши силоҳ ба Либия айбдор карда мегӯянд, ки Муаммар Қаззофӣ ин силоҳро алайҳи мардуми осоишта истифода мебарад.
XS
SM
MD
LG