Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори омодагии Исроил барои қатъи ҳамлаҳо


Эҳуд Барак, вазири дифои Исроил
Эҳуд Барак, вазири дифои Исроил
Мақомҳои Исроил ва Ҳамос омодагии худро барои қатъи ҳамалоти мутақобил эълон кардаанд. Рӯзи якшанбе, даҳуми апрел, замоне ки мақомоти баландпояи Исроил аз ироаи пешниҳоди оташбас бо Ҳамос сухан гуфтанд, мақомоти Ҳамос билофосила аз ин пешниҳод истиқбол карда, омодагии худро барои қатъи ҳамлаҳои рокетӣ ва хумпорагӣ ба Исроил иброз доштанд. Эҳуд Барак, вазири дифои Исроил дар ҳоли вуруд ба нишасти ҳайати давлати ин кишвар барои баррасии авзоъ ба хабарнигорон гуфт, “агар ситезаҷӯёни фаластинӣ аз ҳамла ба марказҳои ҷамъиятии мо даст бардоранд, Исроил низ ҳамлаҳои мутақобил ба Ғаззаро мутаваққиф мекунад.” Пас аз интишори ин суханони ҷаноби Барак, сухангйи Ҳамос дар Ғазза ба хабаргузории Ройтерз гуфта, ки “агар таҷовузгарии Исроил поён ёбад, табиӣ аст, ки оромиш мешавад.” Рӯзи панҷшанбе аз Навори Ғазза ба сӯи як автобуси мактаб дар ҷунби Исроил мушаки зидди танк партоб гардид. Дар ин ҳамла 2 нафар захмӣ шуданд, вале дар оташи ҷавобии исроилиҳо 5 фаластинӣ кушта шуд.
XS
SM
MD
LG