Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи задухӯрдҳо барои шаҳри Адҷабия


Дар шаҳри Адҷабия, минтақаи муҳими стратегӣ дар шарқи Либия, задухӯрдҳо миёни нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ва ошӯбгарон идома дорад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо,гурӯҳҳои хурди ҷонибдорони Қаззофӣ ба Адҷабия ворид шуда, талоши аз шаҳр берун кардани ошӯбгаронро доранд. Адҷабия охирин шаҳри бузург дар роҳ сӯи Бенғозӣ маҳсуб мешавад.

Нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамчунин мушакборони шаҳри Мисурата, воқеъ дар ғарби Либияро идома медиҳанд. Дирӯз дар ин ҷо ҳавопаймоҳои НАТО тонку зиреҳпӯшҳои нерӯҳои Қаззофиро бомборон карданд.

Имрӯз раҳбарони панҷ кишвари африқоӣ таҳти раёсати раисиҷумҳури Африқои ҷанубӣ Ҷейкоб Зума ба хотири миёнҷигарӣ байни ҳукумати Либия ва мухолифин ба Триполӣ ва Бенғозӣ сафар мекунанд.

Қарор аст, ки сарони Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Ҷумҳурии демократии Конго, Мавритания, Малӣ ва Уганда бо раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ва раҳбарони Шӯрои миллии муваққат музокирот анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG