Пайвандҳои дастрасӣ

Лаҳистон аз қурбониёни суқути ҳавопаймо ёд мекунад


Лех Качински дар ҳавопаймои ТУ-154

Лех Качински дар ҳавопаймои ТУ-154

Имрӯз дар Лаҳистон маросимҳои ёдбуди қурбониёни суқути ҳавопаймо дар канори шаҳри Смоленски Русия баргузор мешаванд.

Расо як сол пеш, 10 апрели соли 2010, раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качински, ҳамсари ӯ ва 94 сарнишини дигари ҳавопаймо - чеҳраҳои маъруфи сиёсиву фарҳангӣ ва низомии кишвар бар асари суқути ҳавопаймои ТУ-154 ба ҳалокат расиданд. Онҳо бояд дар маросими гиромидошти хотираи қурбониёни Хатин, асирони низомии лаҳистонӣ, ки 70 сол пеш аз сӯи хадамоти махфии Шӯравӣ кушта шудаанд, ширкат мекарданд.

Имрӯз раисиҷумҳури Лаҳистон Бронислав Коморовский, нахуствазир Доналд Туск ва дигар сиёсатмадорон дар ибодатгоҳи низомии Варшава ба ёди қурбониёни ҳодиса шамъ афрӯхтанд.

Соати 8-у 41 дақиқа, лаҳзаи суқути ҳавопаймо, дар ҳама ибодатгоҳҳои кишвар зангулаҳо занг заданд. Қарор аст маросими мотам дар оромгоҳи низомии Варшава низ баргузор шавад – аксари қурбониёни суқути ҳавопаймо дар он ҷо макони охират пайдо кардаанд.

Мақомоти Русия тафтиши сабабҳои суқути ҳавопайморо хатм карда, дар ин ҳодиса халабонҳоро айбдор намуданд. Ва аммо дар Варшава бо ин изҳороти Русия мувофиқ нестанд. Имрӯз дар пойтахти Лаҳистон гирдиҳамоиву раҳпаймоиҳо бо талаби эъломи сабабҳои асосии суқути ҳавопаймо баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG