Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наото Кан иштибоҳи ҳукуматашро иқрор кард


Наото Кан, нахуствазири Ҷопон, иқрор намуд, ки Токио бояд аз партоби оби олуда ба маводи радиоактивии нерӯгоҳи ҳастаии Фукушимо ба уқёнус кишварҳои ҳамсояро огаҳ мекард.

Ахиран Чин ва Кореяи ҷанубӣ аз олудашавии оби уқёнус изҳори нигаронӣ карданд. Нахуствазири Ҷопон рӯзи якшанбе аз шаҳри Ишиномаки дидан кард – ин шаҳр аз тсунамӣ ва заминларзаи мудҳиш хароб шудааст.

Наото Кан ваъда дод, ки ба бунёди манзилҳои муваққат барои садҳо ҳазор сокинони аз офати табиӣ бехонумонгаштаи шаҳр суръат мебахшад.

Мақомоти Ҷопон ҳадс мезананд, ки бар асари тсунамӣ ва заминларза дар кишвар беш аз 25 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Даргузашти 12 ҳазору 876 нафар расман тайид шудааст, 14 ҳазору 865 нафар то ҳанӯз бе ному нишонанд.
XS
SM
MD
LG