Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон се дипломати кувайтиро аз кишвар хориҷ кард. Ин амал посух ба ихроҷи се корманди сафорати Эрон аз Кувайт аст.

Вазорати умури хориҷии Кувайт қаблан изҳор карда буд, ки дипломатҳои эронӣ бо як шабакаи ҷосусӣ дар кишвар ҳамкорӣ мекунанд. Моҳи март додгоҳи Кувайт ду шаҳрванди Эрон ва як шаҳрванди Кувайтро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Теҳрон маҳкум ба эъдом карда буд.

Равобити миёни Эрону чанд кишвари Халиҷи Форс моҳҳои ахир ба сардӣ гароид. Кишварҳои арабӣ Теҳронро дар дахолат ба умури дохилии худ, аз ҷумла, дар пуштибонӣ аз мухолифини шиамазҳаб дар Баҳрайн, айбдор карданд.
XS
SM
MD
LG