Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи "пешгӯинашаванда" дар Перу


Сокинони Перу имрӯз раисиҷумҳурро интихоб мекунанд.

Нозирон ин маъракаи сиёсиро пешгӯинашавандатарин дар таърихи кишвар меноманд. Гуфта мешавад, ки ҳамаи панҷ номзад барои роҳ ёфтан дар даври дуввуми интихобот шонс доранд.

Афсари собиқ Олиянта Умала, ки аз ақидаҳои чапгароёна пуштибонӣ мекунад, пешгоми сабқат маҳсуб мешавад.

Раисиҷумҳури собиқ Алехандро Толедо ва Кейко Фухиморӣ, духтари раисиҷумҳури пешин Алберто Фухиморӣ, ки айни ҳол дар маҳбас аст, аз рақибони асосии Умала мебошанд.

Агар нафаре аз номзадҳо ба дарёфти без аз 50 дар сади раъйҳо муваффақ нашавад, рӯзи 5 июн даври дуввуми интихобот баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG