Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лаҳистон дар андӯҳи қурбониёни фоҷеаи як соли пеш


Мардуми Лаҳистон аз қурбониёни суқути ҳавопаймо дар канори шаҳри Смоленски Русия ёдоварӣ мекунанд.

Як сол пеш аз ин, даҳуми апрели соли 2010, раисҷумҳури Лаҳистон Лех Качински, ҳамсари ӯ ва 94 сарнишини дигар - чеҳраҳои маъруфи сиёсиву фарҳангӣ ва низомии кишвар бар асари суқути ҳавопаймои ТУ-154 ба ҳалокат расиданд.
Мақомоти Русия тафтиши сабабҳои суқути ҳавопайморо хатм карда, дар ин ҳодиса халабонҳоро айбдор намудаанд...


ФОҶИАЕ, КИ ЛАҲИСТОНРО ТАКОН ДОД

Миёни қурбониёни фоҷеа се муовини раиси Сейм, раиси Бонки Миллӣ Славомир Скржипек, раиси ситоди Артиш генерал Франсижек Гагор, муовини вазири умури хориҷӣ Анджей Кремер, 15 вакили парлумон, муаррихон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва рӯҳониёни маъруфу хабарнигорон буданд.

Онҳо бояд дар маросими гиромидошти хотираи қурбониёни Катин, асирони низомии лаҳистонӣ, ки 70 сол пеш аз сӯи хадамоти махфии Шӯравӣ кушта шудаанд, ширкат мекарданд.

Раисҷумҳури Лаҳистон Бронислав Коморовски, нахуствазир Доналд Туск ва дигар сиёсатмадорони кишвар имрӯз дар ибодатгоҳи низомии Варшава ба ёди қурбониёни ҳодиса шамъ афрӯхтанд.

Соати 8-у 41 дақиқа, лаҳзаи суқути ҳавопаймо, дар ҳама ибодатгоҳҳои кишвар зангулаҳо занг заданд. Қарор аст, маросими мотам дар оромгоҳи низомии Варшава низ баргузор шавад, ҷое, аксари қурбониёни суқути ҳавопаймо макони охират пайдо кардаанд.

МАРОСИМҲОИ "ҒАЙРИРАСМӢ" ДАР ВАРШАВА

Дар ҳамин ҳол ёдбуди қурбониён бори дигар то куҷо амиқ будани ихтилофи сиёсӣ дар Лаҳистонро урён кард.

Як идда аз сиёсатмадорон, асосан аз аҳзоби мухолифи ҳукумат, аз ширкат дар
Ярослав Качински дар маросимҳои расмӣ ширкат надошт
маросимҳои расмӣ худдорӣ карда, барои ёдбуди қурбониён дар Кохи раёсатҷумҳурӣ ҷамъ омаданд. Дар ин ҷо баъд аз фоҷиа дар канори Смоленск моҳе як бор ҷонибдорони Качински гирд омада, хотираи ӯву ҳамсафаронашро пос медоранд.

Ярослав Качински, бародари Лех Качински ширкат дар маҳфили ёдбуд дар кохи раёсатҷумҳуриро авлотар донист.

Духтари раисиҷумҳури собиқ Марта ҳам аз ширкат дар маросимҳои расмӣ худдорӣ намуд.

Маркин Дзюб, яке аз ширкаткунандагони маросими ғайрирасмӣ дар Кохи раёсатҷумҳурӣ мегӯяд, ки "ман барои ширкат дар ёдбуд ҳар моҳ ба ин ҷо меоям ва фикр мекунам, ин ҷо одамоне ҳузур доранд, ки воқеъан ҳам мехоҳанд хотираи раисиҷумҳур ва ҳама қурбониён дар Смоленскро пос доранд".

ЛАВҲАИ ЁДГОРӢ БОИС БА ЭЪТИРОЗ ШУД

Мақомоти Русия тафтиши сабабҳои суқути ҳавопайморо хатм карда, дар ин ҳодиса халабонҳоро айбдор намудаанд. Аммо дар Варшава бо ин изҳороти Русия мувофиқ нестанд. Имрӯз дар пойтахти Лаҳистон гирдиҳамоиву
Пайвандони қурбониён дар ҷойи ҳодиса
раҳпаймоиҳо бо талаби эъломи сабабҳои асосии суқути ҳавопаймо баргузор шуданд.

Дар ҳамин ҳол, лавҳаи ёдгорӣ бо забони лаҳистонӣ дар ҷойи суқути ҳавопаймои ТУ-154 боис ба сару садо ва эътирози сиёсатмадорони Лаҳистон шуд.

Мақомоти вилояти Смоленск ин лавҳаро, ки аз сӯи пайвандони қурбониёни ҳодиса гузошта шуда буд, бо лавҳае бо навиштаҷоти русиву лаҳистонӣ иваз карданд.

Тавре хабарнигори "Озодӣ" иттилоъ медиҳад, дар лавҳаи нав навиштаҷот дар бораи он ки қурбониён барои ширкат дар маросими гиромидошти хотираи кушташудани Катин ба Смоленск парвоз мекарданд, сабт нашудааст.

Бар пояи иттилоъ аз Варшава, раисҷумҳур Бронислав Коморовски аз ин тағйирот ошуфта шудааст ва тасмим гирифтааст, ки рӯзи 11-уми апрел дар ҷараёни сафараш ба Смоленск дар пояи ин лавҳа гулчанбар нагузорад.
XS
SM
MD
LG