Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе барои бори дувум барандаи Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон шуд.

“Истиқлол”, қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозӣ барои Ҷоми олӣ, ки рӯзи нӯҳуми апрел дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа бо ҳузури беш аз 8 ҳазор мухлис баргузор шуд, ба тими “Регар ТадАЗ”-и Турсунзода, дорандаи
Голи ҳалкунандаро нимҳимоятгар Дилшод Восиев дар қисми дувуми замони изофӣ, дар дақиқаи 113-ум ба самар расонид...
медалҳои нуқраи мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии кишвар, бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид.

Замони асосии ин дидор бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Ғолиб дар замони изофӣ муайян шуд. Голи ҳалкунандаро нимҳимоятгар Дилшод Восиев дар қисми дувуми замони изофӣ, дар дақиқаи 113-ум ба самар расонид.

Пас аз анҷоми бозӣ Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсиюни футболи Тоҷикистон, Ҷоми олиро ба дастаи “Истиқлол” супорид.

Бозигарони беҳтарини ин дидор Дилшод Восиев (“Истиқлол”) ва Алексей Неъматов (“Регар-ТадАЗ”) бо тӯҳфаҳои таъсиснамудаи раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов мукофотнида шуданд.


Ҳамчунин боз ду бозигари беҳтарини ин қувваозмоӣ – Нуриддин Давронов (“Истиқлол”) ва Хуршед Маҳмудов (“Регар-ТадАЗ”) бо ҷомҳои Федератсиюни футболи Тоҷикистон сарфароз гаштанд.

Дар ин варзишгоҳ маросими мукофотсупорӣ ба дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа низ доир ва ба раҳбарону мураббиён ва футболбозони ин даста медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар соли 2010 супорида шуд.

Инчунин, ҳайати дуюми “Вахш”, ки дар мусобиқоти соли гузашта ғолиб шуда буд, бо медалҳои хурди тиллои чемпионат сарфароз гардид. Ба аъзои дастаи “Вахш” Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон, низ тӯҳфаҳо тақдим кард.

Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон футболбозону мураббиён ва раҳбарони дастаи “Истиқлол”-ро бо пирӯзияшон табрик карда, ба онҳо дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоми раиси Конфедератсиюни футболи Осиё ё AFC муваффақият хост.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG