Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати панҷ нафар дар тирандозие дар Ҳуланд


Бар асари тирандозӣ дар як маркази тиҷоратии шаҳри Алфен-ан-ден-Рейни Ҳуланд панҷ нафар кушта шуда ва 11 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, як марди ҷавони болопӯши чармӣ бар тан дошт, сӯи одамон аз автомат оташ кушод ва баъд аз чанд лаҳза аз туфангча ба сари худ тир андохт.

Ба гуфтаи мири шаҳр, вазъи чаҳор тан аз маҷрӯҳон сангин аст.

Як ҳафта пеш дар шаҳри Алфен дар ҳамин гуна ҳодиса ду нафар кушта шуда буданд. Ва аммо мақомот алҳол ин ду ҳодисаро бо ҳам рабт намедиҳанд.
XS
SM
MD
LG