Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муқтадо Ас-Садр ба тамдиди ҳузури нерӯҳои ИМА мухолиф аст


Муқтадо Ас-Садр, яке аз раҳбарони шиамазҳабҳои Ироқ, изҳор намуд, ки дар сурати тамдиди ҳузури низомиёни амрикоӣ дар кишвар ҷонибдорони ӯ дубора муқовимати мусаллаҳонаро шурӯъ мекунанд. Изҳороти Ас-Садр дар ин бора аз сӯи як намояндааш дар гирдиҳамоии бузурге дар Бағдод қироат шуд.

Роберт Гейтс, раҳбари Пентагон, дар мулоқот бо низомиёни амрикоӣ дар яке аз пойгоҳҳои воқеъ дар шимоли Ироқ гуфт, ки агар мақомоти Ироқ хостори идомаи ҳузури нерӯҳои ИМА шаванд, ин мавзӯъ мавриди музокирот қарор хоҳад гирифт.

Ӯ хабар дод, ки бархе аз мансабдорони воломақоми Ироқ дар сӯҳбат бо ӯ ба зарурати тамдиди ҳузури низомиёни амрикоӣ дар кишвар ишора кардаанд.

Айни ҳол дар Ироқ 47 ҳазор афсарону сарбозони амрикоӣ мустақаранд. Ба пояи созиши соли 2008-ум миёни Бағдод ва Вошингтон ҳосилшуда, бояд то поёни соли равон ҳама низомиёни ИМА қаламрави Ироқро тарк намоянд.
XS
SM
MD
LG