Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасте, ҷараёни баррасии тарҳи қонуни масъулияти падару модарро натиҷагирӣ кард.

Ин тарҳ, ки бо ибтикори худи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасии умумимардумӣ вогузор шуда буд, тақрибан се моҳ дар идороту ташкилот ва аз тариқи расонаҳо ва махсусан расонаҳои давлатӣ мавриди арзёбии ҷомеа қарор гирифт.

ТАРҲИ СИРФ ТОҶИКӢ?

Мақомот ва коршиносони наздик ба давлат қабули ин қонунро барои парвариш ва такомули як инсони дорои заковат ва донишҳои олӣ басо муҳим хонда ва онро як тарҳи сирф тоҷикӣ дар арсаи қонунгузорӣ баҳогузорӣ мекунанд. Вале на ҳама дар ҷомеа аз ин тарҳ пуштибонӣ карда
баръакс мегӯянд он ба баъзе аз озодиҳо, ки Конститутсия кафолат додааст монеа эҷод мекунад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳангоми натиҷагирӣ аз пешниҳод ва мулоҳизоти ҷомеаи кишвар дар иртибот ба тарҳи ин қонун, бори дигар аз таҳсили кӯдакон ва наврасони тоҷик дар мадориси мазҳабии кишварҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ кард.

"САРНАВИШТАМОНРО ХУД МУАЙЯН КУНЕМ НА БЕГОНАГОН"

Оқои Раҳмон таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ин мадорис бидуни аҳдофи пинҳонӣ кӯдак ва наврасони тоҷикро ройгон омӯзиш ва таълим намедиҳад. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, аксарияти онҳое, ки фарзандони худро барои таълим ба чунин мадорис мефиристанд, на бо ҳадафи омӯзишу ёд гирифтани дониш, балки ба хотири нафсу манфиати шахсӣ ин корро анҷом медиҳанд.

Президент Раҳмон бо ишора ба ҳаводиси аввали солҳои навадум таъкид кард, ки сарнавишти наслҳои баъдии миллатро худи ин миллат бояд муайян кунад на бегонагон: «Мо кӯшиш кунем, ки давлатро бозичаи дасти давлатҳои абарқудрат насозем. Насли ояндаро тарбият кунем, ки худашро соҳибӣ кунад. Бегонапарастиро аз байн бурданамон даркор. Ба умеди касе нашавем. Як бор хонаи худамонро сӯзонидем, кӣ обод кард?кӣ? Киро зӯр овард, кӯдакӣ кӣ ятим монд.»

Ба ин тартиб раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ин қонун дар пайи қонун дар бораи танзими анъана ва маросимҳо аз қонунҳое мебошад, ки бо назардошти манофеъ ва махсусияти миллии тоҷикон таҳия шудааст. Вай афзуд, ки истиқболи васеъи мардум ва муҳокимаҳои саросарии он баёнгари он аст, ки он ба ҷомеа писанд афтодааст. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки тӯли ин муддат беш аз ду миллион пешниҳод барои такмил ва ислоҳи он аз сӯи мардум, созмонҳо ва идораҳо ироа шудааст.

МУХОЛИФАТҲОИ ТАРҲИ ҚОНУН

Бо ин вуҷуд, ки расонаҳои расмӣ ва коршиносони наздик ба давлат аз қабули ин қонун ҷонибдорӣ мекунанд, вале як бахше аз ҷомеа ба ин тарҳ мухолифат карда, аз тазоди чанд нуктаи он ба Қонуни асосии Тоҷикистон ва эҷоди маҳдудиятҳои эҳтимолӣ барои наврасону ҷавонон изҳори нигаронӣ мекунанд. Мунтақидон бахусус ба нақз шудани таълими динии кӯдакону наврасон дар ин лоиҳаи қонун ишора мекунанд.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии пешини мусалмонони Тоҷикистон
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода-собиқ муовини аввали сарвазир ва низ қозии пешини мусалмонони Тоҷикистон дар як сӯҳбати қаблиаш бо радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин қонун озодиҳои мазҳабии наврасонро маҳдуд кардааст ва дар сурати ислоҳ нашудани бархе аз моддаҳои он, дар оянда мушкилотеро дар ҷомеа ба вуҷуд меоварад: «Он чизе, ки ин қонун талаб мекунад воқеан як дахолати ошкоро ба ҳаёти шахсии афрод аст. Моддаи 1-и лоиҳаи ин қонун ноболиғ гуфта фарзанди то 18- соларо дар назар дорад. Яъне фарзанде, ки ба синни 18 нарасидааст агар масҷид рафта намози панҷвақта хонад, намози таровеҳ ва ё намози ҷумъа ва намози ид хонад, барои чунин кор падару модар ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Табиист, ки қабули ин қонун ихтилофи шадид байни фарзанду падар, байни ҳукумат ва ҷомеаи мусулмонии Тоҷикистон эҷод мекунад. Тибқи талаби шариати исломӣ, падару модар вазифадор аст, ки агар фарзанд даҳсола шуд, ӯро намозхон кунад ва ба масҷид бибарад. Ва ягон нафар ҳам аз масъулини масҷидҳо имому хатиб ҳақ надорад, ки ҷавони аз даҳсола болоро аз намоз дар масҷид манъ кунад. Қонун талаб мекунад, ки имомҳову домуллоҳо фарзандони аз 18 сола поёнро ба масҷид қабул накунанд. Худо мегӯяд, ки билъакс аз даҳсола болоро аз ибодат манъ накунед, на танҳо манъ накунед, билъакс онҳоро ба масҷид оваред, даъват кунед. Падару модарро вазифадор мекунад, ки фарзандатро ба масҷид бибар.»

"БАНДҲОЕ АЗ ҚОНУН ИҶРОНАШУДАНИСТ"

Толибшоҳи Сайидзода- аз рӯзноманигорони тоҷик, ки ин мавзӯъро дар силсиламатолибе баррасӣ ва мунташир кардааст низ бар ин назар аст, ки баъзе аз муқаррароти ин қонун аз ҷумла он, ки волидон бояд ҳамвора
Толибшоҳи Сайидзода, рӯзноманигорони тоҷик
муроқиби кирдору амали фарзандон бошанд, иҷронашуданист: «Дар мисоли худам мегӯям, ки ман соати ҳафт ва хонумам соати 7-уним аз хона берун меравем вале фарзандонамон соати ҳашт ба мактаб мераванд. Ва мусалламан онҳоро касе нест, ки аз дасташон гирифта ба мактаб бибарад ва ба дасти омӯзгорон бисупорад. Яъне бояд, ки ҳам давлат ва ҳам падару модар дар таълим ва тарбияи насли наврас масъулияти баробар дошта бошанд.»

Зимнан ду ҳизби мухолифи давлат -ҲНИТ ва ҲСДТ низ бархе аз банду моддаҳои ин қонунро интиқод ва масъалаи ислоҳи онро дар миён гузошта буданд. Аз ҷумла ҲНИТ мегуфт, ки бояд дар номи ин қонун дар баробари ифодаи « падару модар», калимаи «давлат» зикр шавад ва ҲСДТ гуфта буд, ки аслан истифодаи вожаи «фарзанд» дар ин қонун нодуруст аст, чун дар асноди ҳуқуқӣ ин маъноро ҳамеша калимаи кӯдак ифода кардааст.

Ҳамакнун ин тарҳ барои баррасӣ ва тасдиқ ба парлумони кишвар ироа шудааст. Ва азбаски аксарияти мутлақро дар парлумон намояндагони ҳизби ҳукмрони ХД ташкил медиҳанд гумон аст, ки дар матни он ислоҳи ҷиддӣ ворид шавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG