Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни амрикоӣ дар Ироқ боқӣ хоҳанд монд?


Роберт Гейтс
Роберт Гейтс
Роберт Гейтс, вазири дифоъи ИМА, изҳор намуд, ки эҳтимолан Вошингтон мӯҳлати будубоши низомиёни кишвар дар Ироқро тамдид мекунад.

Раҳбари Пентагон дар мулоқот бо низомиёни амрикоӣ дар яке аз пойгоҳҳои воқеъ дар шимоли Ироқ гуфт, ки агар мақомоти Ироқ хостори идомаи ҳузури нерӯҳои ИМА шаванд, ин мавзӯъ мавриди музокирот қарор хоҳад гирифт.

Роберт Гейтс хабар дод, ки бархе аз мансабдорони воломақоми Ироқ дар сӯҳбат бо ӯ ба зарурати тамдиди ҳузури низомиёни амрикоӣ дар кишвар ишора кардаанд.

Айни ҳол дар Ироқ 47 ҳазор афсарону сарбозони амрикоӣ мустақаранд. Ба пояи созиши соли 2008-ум миёни Бағдод ва Вошингтон ҳосилшуда, бояд то поёни соли равон ҳама низомиёни ИМА қаламрави Ироқро тарк намоянд.
XS
SM
MD
LG