Пайвандҳои дастрасӣ

Миёнҷигарии сарони панҷ кишвари Африқо дар қазияи Либия


Раҳбарони панҷ кишвари африқоӣ таҳти раёсати раисиҷумҳури Африқои ҷанубӣ Ҷейкоб Зума ба хотири миёнҷигарӣ байни ҳукумати Либия ва мухолифин ба Триполӣ ва Бенғозӣ сафар мекунанд.

Қарор аст, ки сарони Африқои Ҷанубӣ, Ҷумҳурии демократии Конго, Мавритания, Малӣ ва Уганда бо раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ва раҳбарони Шӯрои миллии созмондодаи ошӯбгарон музокирот анҷом медиҳанд.

Раҳбарони кишварҳои африқоӣ умедворанд, ки ба оташбас ва шурӯъи музокироти сиёсӣ дар Либия муваффақ хоҳанд шуд.

Дирӯз нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ мушакборони шаҳри Мисуратаро, ки таҳти назорати ошӯбгарон қарор дорад, идома доданд. Бар пояи хабарҳо, дар ин ҳодиса дасти кам 4 сокини осоишта кушта шудаанд.

Иттиҳодияи Аврупо барои ба ин шаҳр фиристодани кӯмаки башарӣ изҳори омодагӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG