Пайвандҳои дастрасӣ

Дар кишвари африқоии Соҳили Оҷ нерӯҳои вафодор ба раисиҷумҳури пешин Лоран Гбагбо ду минтақаи бузургтарин шаҳри кишвар – Обидҷонро дубора таҳти назорат гирифтанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар задухӯрдҳо бо ҷонибдорони Алассан Уаттар, ки аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ чун раисиҷумҳури Соҳили Оҷ пазируфта шудааст, низомиёни Гбагбо аз тонку зиреҳпӯшҳо истифода мекунанд.

Рӯзи ҷумъа қароргоҳи сафири Фаронса дар Обидҷон ҳамдафи мушакборон қарор гирифт. Мушакҳо аз мавқеъи нерӯҳои вафодор ба Гбагбо сӯи қароргоҳи сафир андохта шуданд.

СММ аз вазъи башарӣ дар Обидҷон ва ҳодисаҳои куштори оммавӣ дар ҷараёни задухӯрдҳо дар ин шаҳр изҳори нигаронӣ кард.
XS
SM
MD
LG