Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар марзи Исфараву Бодканд нерӯҳои мусаллаҳи тоҷику қирғиз мардуми ба шӯр омадаро пароканда карданд.

Бинобар хабарҳои расида аз Исфара, дар мавзеъҳои наздимарзӣ нерӯҳои сарҳадбониву интизомӣ ва амниятии тоҷику қирғиз вазъро таҳти назар гирифтанд. Намояндагони ҳукуматҳои маҳаллии ҳар ду ҷониб, сокинонро ба таҳаммул ва хештандорӣ даъват мекунанд.



Муқимиддин Каримов, навбатдори шӯъбаи дуюми корҳои дохилии ноҳияи Исфара дар ҷамоати Чоркӯҳ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, кормандони онҳо дар маҳалҳо тақсим шуда, аз вазъ назорат мебаранд. Ба гуфтаи майори милиса - Каримов, субҳи рӯзи 9 -уми апрел авзоъ ба эътидол омадааст.

Набиуллоҳи Суннатӣ, сокини деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ба радиои Озодӣ гуфт, низомиёни мусаллаҳ дар мавзеъҳои наздимарзӣ ҳозир шудаанд, вале ба ҷуз силоҳи дастӣ, дигар техника ва муҳимоти ҷангӣ ба чашм намерасад.

Вай афзуд, чаҳор зани ин маҳал зимни пархош бо ҳамсоягони қирғизи худ ҷароҳати сабук бардошта дар бемористон бистарӣ шуданд. Ба гуфтаи оқои Суннатӣ, дар нуқтаҳои наздимарзӣ ва посгоҳҳо, дигар таҷаммӯи сокинон дида намешавад, аммо шӯру ғазаби сокинон пурра фурӯ нанишаста аз ташаннуҷи авзоъ дар оянда нигаронанд.

Ёдрас мешавам, рӯзи ҷумъаи 8 - уми апрел марзбонҳои қирғиз дар посгоҳи миёни деҳаҳои Оқсойи Қирғизистон ва Ворухи Тоҷикистон, дар пайи муноқиша бо як ронандаи тоҷик роҳро барои тоҷикҳо бастанд. Ҷавобан ба ин амали марзбонони қирғиз, ҷода ба самти Тоҷикистон низ аз сӯи марзбонҳои тоҷик барои рафтуомади қирғизҳо масдуд гашт. Ин амр садҳо сокинони дар роҳ мондаи тоҷику қирғизро ба шӯру хашм овард ва садои эътироз баланд карданд. Муноқиша сангандозӣ ба сӯи автомобилҳои ҳамдигар, шикастани дару тирезаҳои чанд мошин ва баҳсу тундгӯиҳои лафзиро дар пай дошт.

Пайдо шудани посгоҳ дар ин роҳ ба убуру мурури сокинони деҳаи Ворухи ноҳия Исфара ба макони зисти худ монеа эҷод кард. Деҳаи Ворух як ҷазирақаламрав дар иҳотаи хоки Қирғизистон ва дар канори деҳаи Оқсойи вилояти Бодканди Қирғизистон воқеъ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG