Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофи қонун ва воқеияти ҳуқуқи башар


Тоҷикистон дар гузориши солонаи Департаменти давлатии ИМА дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар соли 2010-ум.

Рӯзи ҷумъа Департаменти давлатӣ ё худ Вазорати корҳои хориҷии ИМА гузориши солонааш дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои мухталифи олам ва аз ҷумла Тоҷикистонро ба табъ расонд. Дар ин санади иборат аз 27 саҳифа рӯйдодҳои мавриди таваҷҷӯҳи ИМА ва паҳлӯҳои мусбату манфии ин рӯйдодҳо арзёбӣ шудааст.

Дар гузориши солонаи департаменти давлатии ИМА дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар соли 2010-ум зикр шудааст, ки Тоҷикистон як давлати худкома буда, дар ҳаёти сиёсии он президент Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдорони ӯ, ки аксаран аз як минтақаи кишвар мебошанд, нуфуз доранд.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳомии низоми бисёрҳизбӣ мебошад, вале дар амал ҳукумат гуногунандешии сиёсиро маҳдуд кардааст. Дар идомаи гузориш омадааст, ки дар интихоботи парламентии соли гузашта мансабдорони ҳукуматӣ бо ҳадафи таъмини пирӯзии ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон зиёд аз тақаллуб кор гирифтанд.

Аз 63 курсии Маҷлиси Намоядагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аксари кулл аз сӯи вакилони ҳизби ҳоким ишғол шудааст. Дар Маҷлиси Намоядагон ду вакил аз Ҳизби наҳзати исломӣ ва ду вакили дигар аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ ҳузур доранд. Ҳамчунон муаллифони гузориш навиштаанд, ки дар Тоҷикистон хадамоти амниятӣ ба ҳукумати мулкӣ ҷавобгӯй ҳастанд.

Дар гузориши солонаи департаменти давлатӣ ҳолатҳои маҳдуд намудани ҳуқуқи башар ба тағйири осоиштаи ҳукумат, азияту шиканҷаи боздоштшудагон аз тарафи афсарони амниятӣ, худсарии беҷавобгарии ходимони амниятӣ, маҳрум намудан аз мурофиаи одилона, шароити вазнин ва ба ҳаёти инсон хатарнок дар маҳбасҳо, манъи муроқибати шароитим аҳбасҳо аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ, маҳду намудани озодии баён, иттиҳодияҳо, дин ва ҳамчунон ҷо доштани фасод, ки монеаи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ мебошад, зикр шудааст. Бахше аз гузориш ба хушунат дар муқобили занон, боздоштҳои худсарона ва қочоқи инсон бахшида шудааст.

Дар бахши эҳтироми ҳуқуқи башар муаллифони гузориш навиштаанд, иттилоъ дар бораи он, ки ҳукумати Тоҷикистон ва ё ходимони он худсарона касеро ба қатл расонда бошанд, дастрас нашудааст, вале ҳадди ақал як нафар ҳангоми истинтоқ ба ҳалокат расид.

Муаллифони гузориш ҳамлаи ибтидои моҳи сентябр болои идораи умури дохилӣ дар шаҳри Хуҷандро, ки ҳаёти ҳадди ақалл чор нафарро аз байн бурда, камаш 28 каси дигарро маҷрӯҳ кардааст, зикр намудаанд.
Сипас дар гузориш ҳамлаи моҳи сентябр дар дараи Камароб хотирнишон шудааст, ки дар ҷараёни он гурӯҳи силоҳбадаст камаш 23 сарбози ҳукумати Тоҷикистонро ба қатл расонд. Дар паи он ҳукумат амалиёти низомӣ роҳандозӣ намуд, ки боиси фавти шумори номуайяни сарбозони давлатӣ, ҷангҷӯён ва мардуми осоишта гардид.

Дар гузориши ҳамчунон ёд шудааст, ки моҳи феврал дар ноҳияи Панҷ ҳангоми бози кӯдакон бо гулӯла таркиш бе амал омад, ки ҳаёти ду кӯдакро аз байн бурда, кӯдаки сеюмро маҷрӯҳ кард.

Конститутсияи Тоҷикистон истифодаи шиканҷаро манъ кардааст, вале дар қонунҳои ҷумҳурӣ истилоҳи шиканҷа ташхис наёфтааст. Тибқи баъзе гузоришҳо баъзе афсарони амнияӣ ҳангоми истинтоқ аз латту кӯб ё навъҳои дигар азият истифода бурда, муттаҳамҳоро ба эътирофи айбнома водор кардаанд.

Дар гузориши департаменти давлатии ИМА таъкид шудааст, ки дар Тоҷикистон фақат додгоҳ метавонад фардро муҷрим эълон кунад6 вале дар амал тақрибан ҳамаи муттаҳамҳо аз тарафи додгоҳ айбдор дониста мешаванд. Аз байни 1650 ҳукмҳои додгоҳх фақат як ҳукм муттаҳамро сафед кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин кишвар маҳбуси сиёс вуҷуд надорад, вале як идда пайравони Иттиҳоди мухолифини тоҷик ҳанӯз ҳам дарм аҳбас мебошанд. Департаменти давлатӣ хотирнилшон мекунад, ки як сокини 69 солаи ноҳияи Зафаробод бо ҷурми таҳдид юа аманияти миллӣ боздошт шуд, зеро дар макони ҷамъиятӣ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун мухолифаташро иброз доштааст.

Дар идомаи гузориш муаллифон иттилоъ медиҳанд, ки тирамоҳи соли гузашта дар рӯзҳои баргузории амалиёти низомӣ дар водии Рашт нашри як идда рӯзномаҳои мустақил ва сомонаҳои интернетӣ ва умуман мухобирот бо минтақаи амалиёт мутаваққиф шуд.Вазири мудофиаи Тоҷикистон бошад, рӯзноманигоронро бо пуштибонӣ аз террористон муттаҳам кард. Бар илова дар тӯли соли гузашта шуморе аз рӯзномаҳои мустақил бо айбномаҳои гуногун таҳти фишори додгоҳ қарор гирифтанд.

Хулоса, дар 27 саҳифаи гузориши солонаи департаменти давлатии ИМА дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҳодисаҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ зикр шудаанд.
XS
SM
MD
LG