Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқиша мулоқоти тоҷикону қирғизҳоро тира кард


Дидори ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар деҳаи Минг Урики вилояти Бодканди Қирғизистон, 8-уми апрели соли 2011.
Дидори ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар деҳаи Минг Урики вилояти Бодканди Қирғизистон, 8-уми апрели соли 2011.

Дар пайи як муноқиша марзбонҳои қирғиз роҳ ба деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараро дар қарамрави худ бастаанд.

Пайдо шудани посгоҳ дар ин роҳ ба убуру мурури сокинони деҳаи Ворухи ноҳия Исфара ба макони зисти худ монеа гузошт. Деҳаи Ворух як ҷазирақаламрав дар иҳотаи хоки Қирғизистон ва дар канори деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд воқеъ аст.

Хосият Комилова – хабарнигори Стан ТВ дар Тоҷикистон ва аз шоҳидони ҳол, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар посгоҳи мазкур марзбонҳои қирғиз як ҷавони тоҷикро иҷозаи гузар надодаанд ва байни онҳо муноқиша сар задааст, дар пайи он раҳбари милисаи ноҳияи Бодканд ба бастани марз амр додаст.

Ба гуфтаи вай, сокинони манотиқи наздимарзии тоҷик даъво доранд ҷониби қирғиз онҳоро ба макони зисти худ раҳ намедиҳад, баръакси ин, ҷониби қирғиз мегӯяд, марзбонҳои тоҷик ба убури онҳо монеъ шудаанд. Назди посгоҳ садҳо нафар аз сокинон ҷамъ шуда ва ба шӯр омадаанд.

Ҳамсӯҳбати дигари мо, Неъмат Олимов - раиси ҷамоати деҳқонии «Чоркӯҳ» низ аз маҳалли ҳодиса мегӯяд, он ҷо мақомоти тоҷику қирғиз ҳозир шудаанд ва бо ёрии кӯҳансолони мавзеъҳои наздики наздимарзӣ ба поён додани муноқиша талош доранд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 6-уми апрел низ дар посгоҳи дигари ин маҳал, дар роҳи нақлиётии байнимарзии байни деҳаҳои Сомониён (пешина Майский) – и ноҳияи Исфара ва Яккауруки Бодканд муноқишаи монанд ба ахирӣ рух дода буд. Ва ба он боздошти ғайриқонуниву латукӯби як ҷавони исфарагӣ аз ҷониби як милисаи қирғиз сабаб гашт.

Он рӯз низ садҳо сокини тоҷику қирғиз дар канори посгоҳи қирғиз таҷаммӯъ карданд. Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, он рухдод низ метавонист ба задухӯрд кашад, аммо бо дахолати мақомоти ҳар ду ҷониб ба пешгирӣ шудааст.

Муноқишаи рӯзи 8-уми апрел дар посгоҳи Оқсой ба рӯзе иттифоқ афтод, ки мақомоти ноҳияҳои Исфарву Бодканд дар мавзеъи Минг урики чамоати Самарқандаки ноҳияи Бодканди Қирғизистон мулоқот карда, дар бораи таъсиси як гурӯҳи кории муштарак дар мавриди ҷилавгирӣ аз низоъву муноқишаҳои эҳтимолӣ ва ҳалли зуд ва саривақтии масъалаҳои басбарангез дар наздиктарин фурсат тасмим гирифтанд.

Ин гурӯҳи кории муштарак дар чаҳорчӯби қарордодҳои пешини байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон таъсис хоҳад ёфт.

Ин нишаст раҳбарони ҳукуматҳо, сарони ниҳодҳои амниятӣ, интизомиву додситонӣ, марзбонӣ ва раисони бархе аз ҷамоатҳои ноҳияҳои Исфараву Бодканд сурат гирифт. Ва дар он масъалаи боздошти ғайриқонунии ҷавони исфарагӣ аз ҷониби милисаи қирғиз ва талаби ришват аз вай ва таҷаммӯи садҳо сокини тоҷику қирғиз назди посгоҳ дар пайи ин амалкард аз мавзӯъҳои аслии гуфтугӯ ҷиҳати дарёфти чораҳои пешгирӣ аз чунин рухдодҳо дар оянда буд .

Субҳонидин Ашӯров - раиси ҳукумати Исфара ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷонибҳо ҳамчунин тасмим гирифтанд, дар ин доираи гурӯҳи муштарак шӯроҳои муштараки кӯҳансолон, занон ва ҷавонони тоҷику қирғизро таъсис диҳанд.

Ба гуфтаи вай, ин ниҳодҳои ҷамъиятӣ сокинони ҳар ду ҷониб, ба хусус манотиқи наздимарзӣ ва ҷазиравқаламравҳоро ба рияоти ҳусни ҳамсоягӣ ва ҷилавгирӣ аз эҳтимоли низоъву муноқиша, истифодаи манобеи ягонаи об ва чарогоҳҳо даъват ва ташвиқ хоҳад кард.

Ҳаит Айконов, раҳбари ҳукумати ноҳияи Бодканд гуфт, итминон дорад, нақши ин гурӯҳи корӣ дар таҳкими ҳусни ҳамсоягӣ ва пешгирӣ аз рӯйдодҳои номатлуб муҳим хоҳад буд. Чун, ба гуфтаи оқои Айконов, тоҷикону қирғизҳо аз қадим таҷрибаи ҳамзистӣ ва ҳалли масъалаҳои ихтилофангез бо роҳи гуфтугӯву музокираро доранд.

Неъмат Олимов- раиси хоҷагии деҳқонии «Чоркӯҳ» гуфт, умедвор аст гурӯҳи муштарак дар беҳбуди вазъ ва ҳалли масъалаҳо муассир хоҳад буд. Ба шарте ки афзуд вай, ин қарордоди муфид дар рӯи коғаз намонад.

Ҷулдош Сотиболдиев – раиси ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканд, аз иштирокдорони нишаст афзуд, зиёд будани посгоҳҳо ва гузоштани низомиёни силаҳбадаст канори роҳҳои миёнмарзӣ ба рухдоди баҳсу муноқишаҳо боис мегардад. Дар ҳоле ки ба назари вай, сокинони тоҷику қирғиз худ авзоъро дарк мекунанд ва саъй мекунанд аз муноқишаҳо худро канор гиранд ва ба ҳалли масоили баҳсбарангезо бо роҳи мусолиҳатомез даст ёбанд.

Нишасти тоҷикону қирғизҳо дар муҳити дӯстона ва сари як дастархон анҷом ёфт, вале ҳанӯз қарордоди он ба иҷро надаромада, рухдоди муноқиша дар посгоҳи мавзеъи Оқсойи ноҳияи Бодканд натиҷаи онро тира гардонд..
XS
SM
MD
LG