Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти густурдаи зиддидавлатӣ дар Яман


Баъди намози ҷумъа имрӯз даҳҳо ҳазор нафар дар саросари Яман бо талаби истеъфои Алӣ Абдулло Солеҳ, раҳпаймоӣ карданд. Мардум бо раҳпаймоӣ дар маркази Санъо, пойтахти Яман ва ҳамчунин шаҳри шимолуғарбии Таиз алайҳи Абдулло Солеҳ шиор медоданд. Айни замон тақрибан 100 ҳазор нафар аз саросари Яман ба шаҳри Санъо сарозер шудаанд, то аз раиси ҷумҳур бихоҳанд, ки дар мақомаш бимонад. Имрӯз раиси ҷумҳури Яман пешниҳоди Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс барои супурдани қудрат ба ноибаш Абду Рабо Мансурро рад кард. Дар тазоҳуротҳои тақрибан ду моҳа алайҳи ҳукумати Абдулло Солеҳ то кунун 100 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG