Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фақр Беларусро дастнигари Маскав мекунад


Навбат дар Минск барои хариди доллар ва евро,6-уми апрели соли 2011.

Навбат дар Минск барои хариди доллар ва евро,6-уми апрели соли 2011.

Ақидаи роиҷ дар Тоҷикистон, ки иқтисодиёти Беларус қавӣ ва дар ҳоли рушд аст, воқеият надорад.

Баръакс ҳолати бӯҳронӣ Минскро водор кардааст, ки дасти ниёз ба сӯи Маскав дароз кунад.

Суол ин хоҳад буд, ки Русия ба чӣ нархе Беларусро аз ин ҳол берун хоҳад кашид. Ин дар ҳолест, ки Русия
Маълум аст, ки Русия шартҳои худро ба миён гузоштааст, аммо онҳо ба таври ошкор баррасӣ намешаванд, зеро мо дар шароити бисёр баде қарор дорем ва Русия амалан ҳарчӣ хоҳад, талаб мекунад...
кайҳо боз аз Беларус фурӯши дороиҳои асосии давлат, аз ҷумла полоишгоҳҳои нафт, корхонаҳои кимиёӣ ва мошинсозӣ, лӯлаҳои нафту газ ва монанди инҳоро талаб дорад.

Маскав инчунин аз Беларус даъват мекунад, ки бозори дохилии худро барои моли русӣ боз кунад. Ҳарчанд ду кишвар узви як иттиҳод буда, фазои ягонаи гумрукӣ доранд, Беларус дар сари роҳи моли тавлиди Русия монеаҳо гузоштааст.

ДАРМОНДАГӢ


Мудири Пажӯҳишгоҳи ташхиси сиёсии Русия, Евгений Минченко мегӯяд: “Масъала саҳм дар ин муассисаҳо ва вуруди сармояи русӣ ба Беларус аст ва ҳамчунин боз кардани бозорои Беларус барои моли тавлиди Русия.”

Беларус бо тағйири арзиши пули миллии худ дар зери фишори мушкилоти иқтисодӣ дар охири моҳи март 20 дарсади захираҳои асъори худро аз даст дод. Коҳиши қурби пули миллӣ сабаби воҳима дар ин кишвар шуд ва ҳазорон нафар дар навбатҳои тӯлонӣ пасандозҳоро ба доллар ва евро иваз мекунанд.

Мардуми ваҳмзада ба хотири ҳифзи пули худ шитобкорона мошин, тило ва маводи ғизоии дарозмуддат, мисли шакар, чой ва қаҳваро харидорӣ мекунанд. Онҳоро овозаҳое таҳрик додааст, ки ба зудӣ қурби пули миллӣ боз коҳиш хоҳад ёфт.

ШАРТҲОИ МАСКАВ

31-уми март Беларус нақшаи таъодули иқтисодии худро пешниҳод кард ва барои татбиқаш аз Ҷомеаи иқтисодии Авруосиё (ЕвразЭС) – созмоне зери нуфузи Русия, 2 миллиард доллар дархост кард.

Минск инчунин аз Русия 1 миллиард доллар хоста, ваъда кардааст, ки сиёсати молиявии хешро шадидтар, харҷи давлатиро камтар мекунад ва ба ислоҳоти сохторию андоз даст мезанад.

Аммо Маскав дар посух аз сабр кор мегирад. Ноиби вазири молияи Русия, Дмитрий Панкин, рӯзи 5-уми апрел ба Интерфакс гуфт, Русия ба Беларус ягон ваъда надодааст ва мехоҳад, ислоҳоти макроиқтисодии Минскро баррасӣ намояд.

Иқтисоддони саршиноси беларус, Сиарҳей Чалӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ислоҳоти ҷиддии сохторӣ наметавонад, дар муддати кӯтоҳ амалӣ гардад ва гуфтугӯ бояд сари он тамаркуз ёбад.

“Маълум аст, ки Русия шартҳои худро ба миён гузоштааст, аммо онҳо ба таври ошкор баррасӣ намешаванд. Ба эҳтимоли қавӣ, ин шартҳо мушаххасанд.“ – мегӯяд Чалӣ, “зеро мо дар шароити бисёр баде ҳастем ва нишон додем, ки дар кӯчаи сарбаста қарор дорем ва Русия амалан ҳарчӣ хоҳад, талаб мекунад.”

Фишори Русия афзоиш хоҳад ёфт, зеро ҳисобҳои Лукашенко дар бозии мувозанати геополитикӣ хато баромад. Таҳлилгари сиёсӣ, Минченко, мегӯяд: “Ҳоло вазъияте нест, ки Лукашенко аз бозии доимии худ истифода кунад, яъне калавиш миёни Русия, Ғарб, Чиин ва Амрикои Лотин.”

ТАНГНОИ БУНБАСТ


Пеш аз интихоботи президентии моҳи декабри Беларус Иттиҳоди Аврупо ба Лукашенко кӯмаки иборат аз 4 миллиарду 200 миллион доллариро
пешниҳод кард ва шарт гузошт, ки дар иваз интихобот одилона ҷараён гирад. Аммо на танҳо интихобот, ба гуфтаи нозирони хориҷӣ, бо тақаллуб баргузор гашт, балки Лукашенко дар ҷараёни он мухолифони сиёсияшро шадидан саркӯб намуд.

Иттиҳоди Аврупо пешниҳодашро пас гирифт ва Ғарб ба эъмоли таҳримҳои нави зидди Беларус шурӯъ кард.
Илова ба ин чораҳои омиёна ва интихоботии Лукашенко, ба монанди боло бурдани дастмузди кормандони буҷавӣ, ки бахши азиме аз ҷомеаро ташкил медиҳанд, вазъи иқтисодиро бадтар кард ва дар ҳамин ҳол Русия боҷҳои гумрукии нафт ва газро афзоиш дод.

Бӯҳрони феълӣ, ба эҳтимоли зиёд, Лукашенкоро маҷбур хоҳад кард, ки иҷрои фармони афзоиши маоши кормандони буҷавиро боздорад ва ҳукумат ба коҳиши то 40-дарсадии қурби пули миллӣ иқдом кунад.

Мухолифони ҳукумати Лукашенко, ки солҳо зери фишор қарор доранд ва дар давраи пасоинтихоботӣ шадидан саркӯб шуданд, ба андозае мунзавӣ ва парокандаанд, ки нахоҳанд тавонист, аз эътирозҳои афзояндаи мардумӣ истифода кунанд. Вале воҳима ба Лукашенко фишори бештар хоҳад овард, то зудтар шартҳои Маскавро бипазирад.
XS
SM
MD
LG