Пайвандҳои дастрасӣ

Нурсултон Назарбоев ба ҳайси раиси ҷумҳур савганд хӯрд


Баъди пирӯзӣ дар интихоботи рӯзи якшанбеи гузашта, Нурсултон Назарбоев имрӯз ба ҳайси раиси ҷумҳури Қазоқистон савганд хӯрд ва барои як даври панҷсолаи дигар дар қудрат мемонад. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, гуфтанд, интихоботи гузашта бо “қонуншиканиҳои ҷиддӣ” олуда будааст. Нурсултон Назарбоев, дар маросими адои савганд ваъда дод, ки “барои идомаи демократисозии ҷомеа саъй хоҳад кард”, ваъдае, ки дар даврҳои пешини раёсати ҷумҳуриаш низ додааст. Баъди маросим ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт ва порлумони Қазоқистон дигарбора Карим Масимовро, ба мақоми нахуствазир пазируфт ва аз ӯ хост, ҳукумати навро то даҳ рӯзи дигар муаррифӣ кунад. Нурсултон Назарбоеви 70-сола бештар аз ду даҳсола аст, ки Қазоқистонро раҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG