Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО ҳамла ба шӯришиёни Либияро эътироф кард


Паймони низомии НАТО имрӯз ҳамлаи хунин ба тонкҳои шӯришиён дар Либияро эътироф кард вале барои он бахшиш напурсид. Рӯзи ҳафтуми апрел ҳавопаймоҳои НАТО иштибоҳан ба яке аз танкҳои шӯришиёнро дар наздикии шаҳри нафтии Брега мушак андохтанд, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуд. Адмирал Рассел Ҳардинг, муовини фармондеҳи амалиётҳои НАТО дар Либия имрӯз дар Брюссел гуфт:"Ман маъзарат намехоҳам. Онгуна ки гуфтам, вазъ дар маҳал бисёр печида буд ва бисёр печида боқӣ мемонад ва то дирӯз мо ҳеҷ иттиъоле надоштем, ки шӯришиён ва ё нерӯҳои мухолифин аз танкҳо истифода мекунанд." Ва айни замон шӯришиёни Либия аз тарҳи сулҳи пешниҳодии Туркия истиқбол карданд, ки созиши оташбас ва хуруҷи нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ аз шаҳрҳои муҳосирашуда дар ғарби кишварро пешбинӣ мекунад. Мустафо Абдул Ҷалол, раҳбари Шӯрои муваққаттии шӯришиён, ба телевизиони Ал-Ҷазира гуфт, ҳозир аст пешниҳоди Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркияро бипазирад, ба шарте, ки Муаммар Қаззофӣ ва хонаводааш, Либияро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG