Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанҷоли қирғизу тоҷикҳо дар як маҳалли наздимарзӣ


Бисёре аз манотиқи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар шимоли кишвар ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.

Бисёре аз манотиқи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар шимоли кишвар ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.

Бино ба гузоришҳо дар як маҳалли марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон миёни қирғизу тоҷикҳо муноқиша ба вуқӯъ пайвастааст. Хосият Комилова, хабарнигори Стан ТВ ба Радиои Озодӣ гуфт, худаш шоҳиди ин низоъ шудааст ва чанд нафар тоҷикро ҳам дидааст, ки дар ин муноқиша осеб дидаанд: “Ман фақат мошинҳо ва тоҷикҳои калтакхӯрдаро дидам, чанд мошин пора пора шуда буд. Ман ончиро мегӯям, ки дидам ва сабт кардам.” Ҳодиса дар роҳ ба сӯи Ворухи ноҳияи Исфара дар ҷамоати Сомониён ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар дохили қаламрави Қирғизистон воқеъ шудааст. Неъмат Олимов, раиси ҷамоати Чоркӯҳ низ зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, таҷаммӯъи мардум дар он минтақаро таъйид кард. Латукӯби як милитсионери қирғиз аз тарафи ҷавонони тоҷик, ки пештар як ҷавони тоҷикро зада будааст, сабаби ин моҷаро будааст.
XS
SM
MD
LG