Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мавсими нави футбол дар Тоҷикистон


Федератсиюни футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои ду давраи мусобиқаи XX қаҳрамонии лигаи олии кишварро, ки аз 13-уми апрел то 19-уми июли соли равон идома хоҳад кард, тасдиқ намуд.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсиюни футболи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, имсол дар сабқати лигаи олӣ 11 даста ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Вай афзуд: “Ба 9 дастае, ки соли гузашта дар Лигаи олӣ бозӣ мекарданд (“Истиқлол”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Хайр”-и Ваҳдат, “Энергетик”-и Душанбе, ССКА “Помир”-и Душанбе, “Хуҷанд”-и Хуҷанд, “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Равшан”-и Кӯлоб), ду тим - “Шодмон”-и Ҳисор ва “Гвардия”-и Душанбе зам шуданд. Мусобиқаи имсола аз чаҳор давра иборат аст”.

Бар асоси қуръакашӣ дар нахустин даври мусобиқот 13-уми апрел се бозӣ миёни дастаҳои “Равшан” - “Вахш”, “Шодмон” - “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” - “Энергетик”, 14-уми апрел ду бозӣ байни тимҳои “Хайр” - “Хуҷанд” ва ССКА “Помир” - “Парвоз” баргузор мешавад. Бозиҳо соати 16 оғоз меёбанд.

Шералӣ Давлатов, инчунин, иттилоъ дод, ки бозӣ барои Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон миёни тимҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода 9-уми апрел соати 15 дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа барпо мегардад.
XS
SM
MD
LG