Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯришиёни Либия аз тарҳи Туркия истиқбол карданд


Шӯришиёни Либия аз тарҳи сулҳи пешниҳодии Туркия истиқбол карданд, ки созиши оташбас ва хуруҷи нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ аз шаҳрҳои муҳосирашуда дар ғарби кишварро пешбинӣ мекунад. Мустафо Абдул Ҷалол, раҳбари Шӯрои муваққаттии шӯришиён, ба телевизиони Ал-Ҷазира гуфт, ҳозир аст пешниҳоди Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркияро бипазирад, ба шарте, ки Муаммар Қаззофӣ ва хонаводааш, Либияро тарк кунанд. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон рӯзи панҷшанбе тарҳи худро дар шаҳри Анқара муаррифӣ кард: "Оташбаси воқеъӣ бояд ҳамин ҳоло баста шавад ва нерӯҳои Қаззофӣ бояд аз шаҳрҳое хориҷ шаванд, ки дар баъзе аз вилоятҳои Либия муҳосира кардаанд. Кӯмакҳои муназзами башарӣ бояд бидуни табъиз ба тамоми бародарони Либия расонида шавад. Барои ин ҳадаф бояд як гузаргоҳи башарӣ боз шавад. " Раҷаб Тайиб Эрдӯғон гуфт, ин пешниҳод ҳафтаи оянда дар ҳамоиши гурӯҳи махсуси байналмилалӣ дар Қатар баррасӣ мешавад. Пештар аз ин Абдулфаттоҳ Юнус, раҳбари шӯришиёни Либия, мегӯяд, нерӯҳои НАТО эҳтимолан, тасодуфан тонки онҳоро ҳадаф гирифтаанд. Ҳодиса дар наздикии бандари Брега иттифоқ афтод, ки як ҳафта боз саҳнаи набардҳои шӯришиён ва нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ аст.
XS
SM
MD
LG