Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи зарра ва нерӯи наве дар табиат


Донишмандон мегӯянд, бо озмоишҳо дар як суръатфизои азими Иёлоти Муттаҳида, зарраи наверо ошкор карданд, ки дар амиқтар омӯхтани таркиби модда кӯмак хоҳад кард. Озмоиши мазкур дар суръатфизои бузурги Теватрон дар озмоишгоҳи Фермӣ дар аёлати Иллинойси Амрико анҷом шудааст. Ҷузъиёти ин пажӯҳиш ҳанӯз ошкор нашудааст, вале донишмандон мегӯянд, зарраи кашфшуда, зарраи ба истилоҳ “худовандӣ” ё Ҳиггс Боссон нест, ки ба эътиқоди донишмандон кашфи он зарра метавонад ба ин суол посух диҳад, ки чаро модда вазн дорад.
XS
SM
MD
LG