Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо дархости Португалияро гирифтааст


Оллӣ Рейн, масъули умури иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо, эълом кард, ки ин иттиҳодия дархости расмии кӯмаки Португалияи қарздор ва мӯҳтоҷи кӯмаки молиро дарёфт кардааст. Оллӣ Рейн, дар остонаи мулоқоти вазирони молияи кишварҳои узв дар шаҳри Годоллои Маҷористон гуфт, иқдоми Португлияро “ҳаракати масъулона ба хотири суботи молӣ” хонд. Вазирони молия тайи ду рӯз шарту шароит ва ҳамҷи кӯмаки молӣ ба Португалияро баррасӣ мекунанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, зоҳиран ин кишвар ба 114 миллиард доллар ниёз хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG