Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни Либия, ҳамлаи НАТО-ро тасодуфӣ хонданд


Абдулфаттоҳ Юнус, раҳбари шӯришиёни Либия, мегӯяд, нерӯҳои НАТО эҳтимолан, тасодуфан тонки онҳоро ҳадаф гирифтаанд. Шӯришиёни маҷрӯҳ мегӯянд, ба тонки онҳо нерӯҳои НАТО дар наздикии бандари Брега мушак андохтаанд, ки як ҳафта боз саҳнаи набардҳои шӯришиён ва нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия аст. Абдулфаттоҳ Юнус, гуфт, шӯришиён мехоҳанд, сабабҳои ҳамларо бидонанд, ки дар натиҷаи он чаҳор нафар кушта ва 14 тани дигар маҷрӯҳ шуд. НАТО мустақиман масъулияти ин ҳамлаи иштибоҳиро бар дӯш нагирифта ва гуфт, маҳалли ҳамла тираву норӯшан буд ва тӯпхонаҳо ба ҳар тараф ҳаракат мекарданд”.
XS
SM
MD
LG