Пайвандҳои дастрасӣ

Пасларзаи қавӣ 2 нафарро дар Ҷопон кушт


Дар шимолушарқи Ҷопон, ки моҳи март заминларзаи қавие онро вайрону валангор кард, пасларзаи қавии 7,4 баллӣ дирӯз дасти кам ду нафарро кушта ва бештар аз 100 тани дигарро захмӣ кардааст. Ин пасларза сунамиро ба вуҷуд наовард, вале сунамии баъди заминларзаи моҳи март, дар Ҷопон бештар аз 10 ҳазор нафарро кушт ва нерӯгоҳи барқи атомии Фукушимаро ба фалокат гирифтор кард. Бино ба гузоришҳо баъди пасларзаи рӯзи панҷшанбе нерӯгоҳ осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG