Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷараёнҳои Осиёи Марказӣ Русияро "афсурда" кардааст


Думаи давлатии Русия қасд дорад, ҷараёнҳои ба гуфтаи як вакили мардуми ин кишвар, “афсурдакунанда” дар Осиёи Марказиро дар як нишасти паси дарҳои баста баррасӣ кунад. Алексей Островский, раиси Кумитаи умури кишварҳои муштаракулманофеъ дар Думаи давлатӣ гуфтааст, рӯзи чаҳоршанбеи оянда дар ин кумита масоили амниятии Русия дар пасманзари “ҷараёнҳои афсурдакунанда дар Осиёи Марказӣ” баррасӣ хоҳад шуд, аммо манзури худро шарҳ надод. Ӯ афзудааст, масъала дар Осиёи Марказӣ “фавқуллода муҳим” аст.
XS
SM
MD
LG