Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои Обама барои тавофуқ роҷеъ ба будҷаи федеролӣ


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико шабона бо раҳбарони Конгресси ин кишвар мулоқотро давом дод, ба умеди ин ки роҷеъ ба масъалаҳои будҷа тавофуқи назар ба даст ояд. Ин масъала бояд то имрӯз ҳал шавад. Ҷумъа рӯзи ниҳоии ҳали ин масъала аст. Демократҳо ва ҷумҳурихоҳон дар Конгресс бояд баъзе моддаҳоро аз будҷаи федеролӣ ҳазф кунанд, зеро қарзи миллиии кишвар бузург аст ва бояд бо ин қарз мубориза кард. Вале ин ду ҷониб роҷеъ ба моддаҳои ҳазфшаванда ақидаҳои гуногун доранд. Ҳаррӣ Рейд-демократи боломақом мегӯяд, вай бовар надорад, ки демократҳо ва ҷумҳурихоҳон дар вақти пешбинишуда роҷеъ ба ин масъала ба тавофуқ расанд ва масъала ҳал шавад.
XS
SM
MD
LG