Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукуати Фаластин хостори оташбас бо Исроил шуд


Ҳукумати Фаластин, ки аслан аз аъзои Ҳамос ташкил шудааст, мегӯяд, Фаластин дар Навори Ғазза ба оташбас розист, то вазъ бо Исроил печидатар нашавад. Имрӯз манобеи амниятии Фаластин гуфтанд, ки баъд аз ин изҳорот ҳавопаймоҳои низомии Исроил роҳҳои зерзаминии қочоқ, хонаи матрук дар ҷануби Ғазза ва мардони мусаллаҳро дар ин минтақа бомборон кардаанд. Дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш дода намешавад. Рӯзи панҷшанбе аз Навори Ғазза ба сӯи як автобуси мактаб дар ҷунби Исроил мушаки зидди танк партоб гардид. Дар ин ҳамла 2 нафар захмӣ шуданд, вале дар оташи ҷавобии исроилиҳо 5 фаластинӣ кушта шуд.
XS
SM
MD
LG