Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати украинӣ сохтмони Роғунро ба ӯҳда мегирад?


Бино ба хабари centralasianewswire.com як ширкати украинӣ изҳори омодагӣ кардааст, ки метавонад сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғунро дар Тоҷикистон бар ӯҳда бигирад. Ин ширкат бо номи Электротяжмаш ҳафтаи гузашта намояндагони худро барои омӯзиши шароит ба Тоҷикистон фиристодааст. Ҳайати мазкур бояд як ҷо бо кормандони вазорати иқтисод ва рушди тиҷорати Тоҷикистон дар маҳал бо шароити корҳои сохтмонӣ ошно шавад. Дар ин бора Сергей Шевченко-муовини раиси Электротяжмаш ба матбуот хабар додааст.
XS
SM
MD
LG