Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Маскав дар оташе як тоҷик ва 4 ветнамӣ кушта шуданд


Ҳангоми оташ гирифтани як амбор дар шаҳри Маскав 5 нафар кушта шудаанд. Бино ба маълумоти матбуоти Русия, 4 нафари онҳо шаҳрвандони Ветнам ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Доманаи оташ 300 метри мураббаъро ташкил додааст. Дар амбор маҳсулоти ниёзи мардум нигаҳдорӣ мешудааст ва он дар оташ аз байн рафтааст. Боми амбор дар натиҷаи оташ фурӯ рафтааст. Оташнишонон тавонистаанд 5 нафари дигарро аз чанголи оташ наҷот диҳанд. Аз кушташудагон ном бурда намешавад ва сабабҳои оташ низ номаълум боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG