Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифшои як корхонаи санъатии махфӣ дар наздикии Теҳрон


Як гурӯҳи наздик ба мухолифони Эрон, ки дар ғурбат қарор дорад, гуфтааст, ки ин кишвар дар наздикии Теҳрон корхонаи санъатие дуруст кардааст. Ин корхона барои сентрифугҳо моддае тавлид мекунад, ки барои ғанисозии уран ба кор меравад. Алиризо Ҷаъфарзода -раҳбари мухолифон ин нуктаро дар як нишасти хабарӣ дар Вошингтон изҳор дошт. Ин маълумотро Ҷабҳаи Муҷоҳидини Халқ ҷамъоварӣ кардааст ва тибқи ин маълумот корхонаи Табо аз ним сол ба ин су фаъолият мекунад. Алиризо Ҷаъфарзода гуфт, мухолифони давлати Эрон ин маълумотро ба мақомоти расмии Амрико ва ба Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ пешниҳод кардаанд.
XS
SM
MD
LG