Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия дар масъалаи Либия миёнҷигарӣ хоҳад кард


Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия харитаи роҳи ҳали муноқишаҳои Либияро пешниҳод кардааст. Вай гуфтааст, нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ бояд аз шаҳрҳои муҳосирашуда бароянд, долонҳои расондани кӯмакҳои башарӣ боз кунанд ва ба тағироти ҳамаҷонибаи демократӣ розӣ шаванд. Оқои Эрдуғон гуфтааст, ин тадобир ҳафтаи оянда дар Қатар тавассути гурӯҳе баррасӣ мешавад. Қарор аст ин гурӯҳ ба мудохилаи хориҷӣ дар умури дохилии Либия низ расидагӣ анҷом диҳад. Нахуствазири Туркия ҳамчунин раҳбарони мухолифони Либияро мутмаин сохт, ки Туркия аз дархостҳои онҳо ҷонибдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG