Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи иштибоҳии НАТО ба танки шӯришиён дар Либия


Яке аз раҳбарони шӯришиёни Либия мегӯяд, ҳамлаи нируҳои НАТО ба танки нируҳои шӯришӣ ба эҳтимоли зиёд иштибоҳи нируҳои дӯст будааст. Ин ҳамла дар наздикии бандари Брега рух додааст. Дар ин минтақа аз як ҳафта ба ин сӯ дагириҳо миёни нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззфӣ-раҳбари Либия ва нируҳои шӯришӣ идома дорад. Абдулфаттоҳ Юнус-раҳбари шӯришиёни Либия мегӯяд, ба ин ҳамла бояд тавзеҳот диҳанд, зеро дар он 4 шӯришӣ кушта, 14 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Аммо НАТО барои ин ҳамла мустақиман масъулиятро бар дӯш нагирифтааст ва гуфтааст, дар ин минтақа гиру бор ва рафту омади техникаи низомӣ зиёд аст ва ташхиси онҳо кори душвор мебошад.
XS
SM
MD
LG