Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи ҳавои Тоҷикистон барои 8 апрел


Тибқи маълумоти ҳавошиносон, имрӯз дар Душанбе ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст. Наздикии бегоҳ борон меборад ва тамоми шаб идома меёбад. Ҳаво рӯзона то 25 дараҷа, шабона 11-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ хоҳад буд ва то 24 дараҷа гарм хоҳад шуд. Бегоҳирӯзӣ борон меборад, вале шабона қатъ мегардад.
Дар водии Вахш низ ҳаво абрӣ хоҳад буд, вале борон намеборад. Рӯзона ҳаво 28 дараҷа гарм мешавад.
Дар минтақаи Кӯлоб рӯзона ҳаво абрӣ, вале богоҳирӯзӣ борон меборад. Шабона бориш қатъ мешавад. Ҳаво рӯзона 27 дараҷа, шабона 14-17 дараҷа гарм мешавад.
Дар Хоруғ рӯзона ҳаво каму беш абрист. Бегоҳирӯзӣ борон меборад. Рӯзона ҳаво то 13 дараҷа, шабона 4-7 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG