Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларзаи қавӣ дигарбора Ҷопонро такон дод


Харобазоре, ки заминларза ва сунамии рӯзи 11 март аз худ боқӣ гузоштанд

Харобазоре, ки заминларза ва сунамии рӯзи 11 март аз худ боқӣ гузоштанд

Бино ба гузоришҳо, заминларзаи қавие бо нерӯи 7,4 дараҷа аз рӯи ҷадвали Рихтер имрӯз шимолушарқи Ҷопонро такон дод ва нигарониҳо аз бархостани сунамиро барангехт. Пажӯҳишгоҳи геологии Амрико гуфт, заминларза дар 144 километри нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима ба вуқӯъ пайваст, ин нерӯгоҳ 11 март ба сари заминларза ва сунамӣ сахт осеб дидааст. Бар асари заминларза, хонаҳо дар Токио тақрибан як дақиқа ларзиданд. Ширкати молики нерӯгоҳи Фукушима мегӯяд, вазъ дар нерӯгоҳи Фукушимаро таҳқиқ мекунад.
XS
SM
MD
LG