Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гул Шералӣ овозаҳои барқфурӯширо рад кард


Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон
Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон

Вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон сару садо дар бораи фурӯши барқ ба Афғонистону Покистонро рад кард.

Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри рӯзи 7-уми апрел бо баргузории нишасти хабарии ғайримунтазира бори дигар вазъияти ба вуҷудомада дар заминаи таъмини нерӯи барқ ба аҳолиро ташреҳ дод.
ГУЛ ШЕРАЛӢ:
Захираи барф дар кӯҳҳо зиёд аст ва танҳо беш аз 15 дараҷа гарм шудани ҳарорат дар кӯҳҳо омили об шудани ин захира хоҳад шуд...


Нишасти хабарии ҷаноби Шералӣ ба дунболи ҷаласаи ҳайати давлати Тоҷикистон ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар сурат гирифт ва вазири энержӣ аз хабарнигорон хост, то воқеиятро дар мавриди мушкили бебарқӣ ба мардум бирасонанд.

Вай сабаби аслии мушкилоти мавҷудро ба кам шудани мизони об дар рӯдхонаи Вахш ва обанбори Норак марбут донист.

ОБИ "НОРАК" БА НУҚТАИ ОХИР МЕРАСАД?

Вай гуфт, "имрӯз сатҳи оби Норак дар нуқтаи 865, 87 метр, ба сатҳи нуқтаи охирин расидааст, ки дар соати 00.00 шаби гузашта 250 метри мукааб дар сония ва дар соати 8-и саҳари имрӯз 260 метри мукаабро ташкил додааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта 400 то 450 метри мукааб дар як сония об ба обанбори Норак ворид мешуд. Ба далели кам ворид шудани об мо фақат ба воситаи агрегатҳои Норак 300 — 336 мукааб об равона карда истодаем, то битавонем нерӯи барқ истеҳсол кунем."



Ҷаноби Шералӣ гуфт, дар солҳои 1992, 1999 ва 2000 ҳамчунин мушкилоти камобӣ ба мушоҳида расида буд, аммо ба далели он ки он замон системаи ягонаи энергетикӣ миёни кишварҳои минтақа фаъол буд, мушкили бебарқӣ ба ин ҳадд эҳсос намешуд.

ВАЗИР: "НЕРӮИ БАРҚ ГАНДУМ НЕСТ"

Сатҳи обанбори "Норак" дар рӯзи 25-уми март
Ба таъкиди ҷаноби Шералӣ ҳоло тавлиди нерӯи барқ дар як шабонарӯз 29,9 миллион киловат соатро ташкил медиҳад, ки аз ин 16 миллиони он ба Талко ё корхонаи алюминиюми Тоҷикистон интиқол меёбад.

Аммо вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон сару садоҳо дар миёни мардум дар робита ба фурӯши неруи барқ ба Афғонистон ва Покистонро бепоя донист ва гуфт, "дар ин шабу рӯз содироти нерӯи барқ умуман сурат намегирад ва нерӯи барқ гандум нест, ки онро дар халта андохта ва бифиристем."

Гул Шералӣ бори дигар хабарнигоронро мӯътақоид сохт, ки маҳз носозгории табиат, бахусус сард омадани ҳарорати ҳаво дар моҳи март ва апрел омили камии об дар маҷрои рӯдхонаи Вахш ва обанбори Норак шудааст ва изҳори умед кард, ки тибқи пешгӯиҳои ҳавошиносон ҳарорат дар рӯзҳои оянда гарм хоҳад шуд ва ин иимкон хоҳад дод, то мизони об дар обанбори Норак афзоиш ёбад.

ДАР ҲАСРАТИ РОҒУН

Заро ба гуфтаи вай захираи барф дар кӯҳҳо зиёд аст ва танҳо беш аз 15 дараҷа гарм шудани ҳарорат дар кӯҳҳо омили об шудани ин захираи энергетикӣ хоҳад шуд. Аммо бо ин ҳам вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон таърихи дақиқи лағви лимит ва ё маҳдудияти неруи барқ дар саросари кишварро эълом накард.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои вазири энергетика ва саноат ҳукумат талош дорад, то аз захираҳои дигар, ба хусус ангишт, гази моъе ва гази табиӣ, энергегияи офтобӣ, таҷҳизотҳои барқӣ ва ғайра барои рафъи мушкил истифода кунад.

Аммо Гул Шералӣ бар ин назар аст, мушкили бебарқӣ танҳо дар он сурат комилан бартараф хоҳад шуд, ки неругоҳи «Роғун» ва обанбори он сохта шавад. Зеро ба таъкиди вазири энергетика ва саноат иҷрои ин тарҳ на танҳо бебарқиро аз байн мебарад, ҳатто метавонад манбаъи захираи об барои ҳама кишварҳои минтақа гардад.

ДАЛЕЛҲОИ ГУЛ ШЕРАЛӢ

Рӯдхонаи Вахш
Вай гуфт, "мақсади асосӣ барои сохтмони неругоҳи Роғун ва обанбори он ба хотири он аст, ки об дар инҷо захира шавад ва мушкиле дар заминаи таъмини аҳолӣ бо неруи барқ пеш наояд. Тибқи ҳисобҳое, ки дар даврони шуравӣ шуда буд, 60 дар сади оби Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон таъмин хоҳад шуд. Аз ин 15 дар сад дар дохили Тоҷикистон бояд истифода шавад ва боқимонда барои кишварҳои поёноб масраф шавад. Аммо ҳоло мо аз ин 15 дар сад танҳо 4 дар сади онро истифода мекунем. Яъне мо метавонем 11 дар сади дигарро захира кунем барои истифода дар фасли тирамоҳ ва зимистон. Агар Роғун сохта мешуд, ин мушкилиҳо набуданд."

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои вазири энергетика ҳоло сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" дар ҷараён аст ва 6 ҳазор нерӯи корӣ машғули бозсозии нақбҳои ин нерӯгоҳ мебошанд. Ба таъкиди Гул Шералӣ яке аз обпартоҳо тоза шудааст ва ҳамакнун кор дар обпартои дувум босуръат идома дорад. Аммо ҷаноби Шералӣ аз изҳори назар дар мавриди замони масдуд кардани маҷрои дарё худдорӣ кард.

Ба таъкиди вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон имсол ҳукумати Тоҷикистон аз дуҷа маблағи 800 миллион сомонӣ барои корҳои сохтмонии неругоҳи "Роғун" тахсис додааст ва изҳори хушбинӣ кард, ки то дуним соли дигар нахустин агрегати ин неругоҳ маврди истифодабарӣ қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG