Пайвандҳои дастрасӣ

Зарифӣ дар Тошканд мавқеи Тоҷикистонро ҳимоя мекунад


Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Ҳамроҳхон Зарифӣ барои ширкат дар нишасти ИА ва вазирони умури хориҷии кишварҳои ОМ ба Тошканд рафт.

Дар ин нишаст иҷрои Барномаи стратегии ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо (ИА) бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла масъалаҳои истифода аз захираҳои обу энержӣ, экология, тиҷорат, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва амнияти марзи ин кишварҳо мавриди баҳс қарор мегирад.
Давлати Тоҷикистон талош дорад муфид ва безарар будани тарҳҳои энержии худро барои кишварҳои минтақа собит созад...


Сафари Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ба Тошканд ба манзури ширкат дар нишасти Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки миёни Тоҷикистону Узбакистон, ду кишвари ҳамсоя, ихтилоф дар мавриди баҳрабардорӣ аз захираҳои обу энержӣ амиқтар мешавад.

БАҲСИ МАНОБЕИ ОБӢ

Ин ҳам дар ҳолест, ки яке аз мавзӯъҳои мавриди баҳс ин нишаст истифодаи муассири манобеи обӣ аст ва Тоҷикистон қабл аз ин хостори мусоидати созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ИА дар ҳалли баҳси баҳрабардорӣ аз захираҳои оби минтақа шуда буд.



Аквилия Нормантения, мушовири сиёсии намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, барномаи роҳбурдии ИА барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба муддати шаш сол, аз соли 2007 то соли 2012, вуҷуд дорад ва бар асоси он мавзӯъҳои мавриди алоқаи тарафҳо мушаххас аст. Хонум Нормантения гуфт, дар иртибот ба Тоҷикистон моҳи марти соли равон як нишасти муштарак доир ва масъалаҳои мурооти ҳуқуқи инсон, омӯзишу парвариш, ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат ва савдо, ҳифзи муҳити зист ва энергетика баррасӣ шуда буд.

УМЕДИ ИТТИҲОДИЯИ АВРУПО

Аз хонум Нормантиния пурсидем, ки Иттиҳодияи Аврупо дар ҳалли баҳсҳое, ки миёни Тоҷикистон ва Узбакистон, аз ҷумла масоили обу энергетика вуҷуд дорад, то куҷо метавонад миёнҷигарӣ кунад ва ин мавзӯъ дар нишасти Тошканд баррасӣ мешавад?

Вай гуфт: "Умед дорем, ки ин масоил дар нишасти Тошканд баррасӣ ва ба таври мусбат ҳал бишавад."

Вале бархе аз коршиносони тоҷик ба ин назаранд, ки созмонҳои байналмилалӣ дар расидагӣ ва ҳалли ихтилоф миёни кишварҳои минтақа аз он зовия нигоҳ мекунанд, ки кадоме аз ин кишварҳо барои онҳо метавонад манфиатовар бошад.

БИНГАР, КИ КӢ МЕГӮЯД?

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд мавқеъгириҳои Иттиҳодияи Аврупо дар баҳси захоири обу энержии минтақа низ ба манфиатҳои ин эътилоф ва аҳамияти ҳар якен аз кишварҳои Осиёи марказӣ барои он бастагӣ дорад.

Бо ин ҳол, давлати Тоҷикистон талош дорад муфид ва безарар будани тарҳҳои энержии худро барои кишварҳои минтақа собит созад. Аз ин рӯ, дар ин нишаст худи вазири умури хориҷии Тоҷикистон иштирок кард, дар ҳоле ки қаблан эълон шуда буд дар ин нишаст муовини вазир ширкат мекунад.

Қарор аст, дар ҳошияи ин нишаст Ҳамроҳхон Зарифӣ бо вазири умури хориҷии Маҷористон - Янош Мартони низ мулоқот кунад. Янош Мартони дар ин нишаст ба унвони намояндаи кишвари раисикунандаи Иттиҳодияи Аврупо дар шаш моҳи соли 2011 ширкат мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG