Пайвандҳои дастрасӣ

Саъйи дигари Обама барои тасвиби буҷаи Амрико


Барак Обама, раиси ҷумҳур ва раҳбарони конгресси Амрико имрӯз саъй хоҳанд кард, то дар мавриди коҳиши хароҷоти буҷаи давлатӣ ба мувофиқа бирасанд, вагарна то рӯзи ҷумъа кори муассисаҳои давлатии Амрико мутаввақиф хоҳад шуд. То кунун буҷаи муассисаҳои давлатии Иёлоти Муттаҳида тасвиб нашудааст, зеро ҷумҳурихоҳон дар конгресс аз Барак Обама талаб доранд, то хароҷоти давлатиро камтар кунад. Демократҳо мегӯянд, коҳиши зиёди хароҷоти буҷа монеъи рушди осебпазири иқтисоди Амрико хоҳад шуд. Барак Обама гуфт, мӯътақид аст, ки агар тарафҳо дар мавриди буҷа ба созиш мерасанд.
XS
SM
MD
LG