Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибодатгоҳе дар маркази Қӯрғонтеппаро вайрон карданд


Дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа, мақомоти расмӣ, биноеро вайрон кардаанд, ки маҳалли ибодати 300 намозгузор будааст. Асадулло Шулашов, ёвари додситони Қӯрғонтеппа,маркази маъмурии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бино, ки мардум масҷидаш кардаанд соли 2009-ум дар масоҳати қариб 200 метри мукааб бидуни иҷоза бунёд шудааст: "Қитъаҳои замин аз тарафи ҳар як шаҳрванд бояд оқилона истифода карда шавад. Бинобар ин ки ягон ҳуҷҷати расмӣ надоштани ҳамин қитъаи замин барои сохтмону фаъолияти масҷид, ки бояд иҷозатномаи махсуси мақомоти дахлдоррро дошта бошад, бо амри прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолияти ин масҷид манъ карда шуд."Ҳикматулло Мирзомуродови 81-сола яке аз куҳансолтарин намозгузорони ин ибодатгоҳ мегӯяд, мақомоти расмӣ зораву таваллои онҳо барои сабти ном ва нигаҳ доштани биноро нодида гирифтанд.
XS
SM
MD
LG