Пайвандҳои дастрасӣ

Як пешвои мухолифони Белорусро раҳо карданд


Як чеҳраи шинохтаи мухолифони давлати Ҷумҳурии Белорусро баъди севунним моҳ аз боздошт раҳо карданд. Ба гузориши бахши белорусии Радиои Озодӣ, Анатолий Лябедзка, раиси Ҳизби ваҳдати мардумӣ, рӯзи 6-уми апрел аз боздошгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ озод шудааст. Ӯро ҳамроҳ бо 30 фаъоли дигари мухолифин баъди тазоҳуротҳои рӯзи 19 декабр алайҳи интихоби дигарбораи Александр Лукашенко, ба мақоми раиси ҷумҳур боздошт карда буданд. Анатолий Лябедзка, ки бо иттиҳоми ширкат дар “бенизомиҳои оммавӣ” дастгир шуд, ҳақ надорад, то замони анҷоми тафтишоти парвандааш Ҷумҳурии Белорусро тарк кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG