Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷиде, ки тахриб карданд


Бинои масҷиде, ки дигар нест...
Бинои масҷиде, ки дигар нест...

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон бинои масҷиде, ки то 300 нафар дар он намоз мегузоштанд, тахриб карда шуд.

Манъи намозгузорӣ ва сарозер кардани масҷид дар кӯчаи ба номи Мирзоқодиров, ки дар яке аз маҳаллаҳои марказии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷойгир буд, боиси нороҳатию эътирози сокинони маҳаллӣ шудааст.
Додситонии Қӯрғонтеппа мегӯяд, 12 масҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи сабтиномшуда фаъолияти озод дошта, ҳеҷ ниҳоди расмӣ озодиҳои мазҳабию эътиқодии шаҳрвандонро маҳдуд накардааст...


Ҳикматулло Мирзомуродови 81-сола, аз кӯҳансолтарин намозгузорони масҷиди тахрибшуда, мегӯяд, қазияи мазкур аз намозгузории ду ноболиғ дар ин макони ибодат шурӯъ шудааст.

БАРОИ ҶИЛАВГИРӢ АЗ НАМОЗИ НАВРАСОН?

"Рейд доштанд, ба масҷиди мо ҳам омаданд, ки ду кӯдак намози шомро адо мекарданд. "Ин ҷо кӯдакон намоз мехондаанд" гуфта санҷишҳояшон оғоз ёфт. Ба кӯдакон гуфта будем, ки ба масҷид наоед, гап мешавад, ҳукумат манъ кардааст, ба шумо намозхонӣ дар масҷид иҷозат нест. Кӯдакон ба масҷид намеомаданд, намедонам чаро маҳз ҳамон шаби рейд якбора ду ноболиғ дар масҷид пайдо шуданд, шояд ташкил карда бошанд",-афзуд ӯ.

Ҳикматулло Мирзомуродов
Бобои Ҳикматулло афзуд, имом-хатиб ва масъулони маҳалла талош кардаанд, то ин ибодатгоҳ дар ниҳодҳои давлатӣ расман сабтином шавад, аммо мақомот бо ҳар баҳона ба фаъолияти масҷид иҷоза надоданд. Вай гуфт, дар ин масҷид намозгузорон танҳо фаризаҳои динии худро анҷом дода ва ҳеҷ сӯҳбате дар мавриди сиёсатҳои давлат ё мавзӯъҳои дигари барои амният хатарзо матраҳ намешуд.

ДОДСИТОНӢ: "НАҚЗИ ҚОНУН БУД"

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа ангезаи сиёсӣ доштани қазияи тахриби масҷидро рад карда, мегӯянд, ҳадафи аслӣ на манъи намозгузории шаҳрвандон, балки рафъи қонуншикании ошкоршуда буд.

Асадулло Шулашов
Асадулло Шулашов, ёвари додситонии Қӯрғонтеппа, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бинои масҷиди харобшуда дар соли 2009-ум дар масоҳати қариб 200 метри мукааб қитъаи замин бидуни иҷозаи мақомоти давлатӣ ва бе ҳуҷҷати расмӣ бунёд гардида буд.

Ҷаноби Шулашов афзуд, "қитъаҳои замин аз тарафи ҳар як шаҳрванд бояд оқилона истифода карда шавад. Бинобар ин ки ягон ҳуҷҷати расмӣ надоштани ҳамин қитъаи замин барои сохтмону фаъолияти масҷид, ки бояд иҷозатномаи махсуси мақомоти дахлдоррро дошта бошад, бо амри прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолияти ин масҷид манъ карда шуд."

ИМОМ-ХАТИБ КУҶО РАФТ?

Ёвари додситонии Қӯрғонтеппа мегӯяд, қитъаи замине, ки дар масҷиди ба гуфтаи ӯ, ғайрирасмӣ бунёд гардида буд, худсарона забт шудааст. Бино бар ин, алайҳи имом-хатиби масҷид, ки соҳиби ҳамин қитъаи замин будааст ва низ раиси маҳалла парвандаҳои маъмурӣ боз шуда, ҳар яке ба пардохти 350 сомонӣ ҷарима маҳкум шудаанд.

Саидраҳмон, сокини Қӯрғонтеппа
Ин ҳам дар ҳолест, ки Саидраҳмон, аз намозгузорони собиқи масҷиди харобшуда, гуфт, имом-хатиби ибодатгоҳ дар пайи ин қазия ва фишорҳои ғайрирасмии мақомот водор шуд, ба қасди Русия, тарки кишвар кунад:
"Имом-хатибро ҷарима бастанд, бе фишор намешавад, баромада рафт ба Русия. Гуфт, ки коркунӣ меравад, зеро дар ин ҷо буда наметавонад. Вайро мақомот барои беиҷозат ташкил кардани масҷид ҷазо дод, гуфт онро хароб кун."

Аммо бобои Ҳикматулло, аз кӯҳансолони маҳаллаи масҷиди харобшуда, гуфт, сарфи назар аз дархостҳои батакрори сокинони маҳалла барои пойдории масҷид, додситонии Қӯрғонтеппа ба вайрон кардани он амр кард ва бинои ибодатгоҳ дар ҳузури масъулони ҳукуматӣ ва шӯрои уламои Хатлон валангор шуд.

"МАСҶИДРО БА ҚАЙД НАГИРИФТАНД"

Вай афзуд, "кофтанд, ки масҷид санади лозим надоштаасту ҳамчун чойхона сабтином шудааст. Мо тамоми ҳуҷҷатҳоро барои расман сабтином кардани ҳамин масҷид таҳия карда будем, фақат як имзои раиси ҳукумати шаҳр даркор буд, ҳаминро гуфтанд, ки қонунӣ нест, масҷидро барканед. Худи раиси шаҳр Самиев омада буд. Мо кӯшиш кардем, хоҳишҳои бисёр кардем, ки масҷидамонро расман ба қайд бигиред, то ки ҳамин ҷо ақаллан намоз хонему мурдаҳоро ҷаноза карда тавонем, барои ҷамъият лозим аст, аммо гӯш накарданд, иҷозат надоданд."

Дар баробари масҷиди маҳаллаи Мирзоқодиров ҳамчунин фаъолияти чандин ибодатгоҳи мусалмонон дар Қӯрғонтеппа ва навоҳии атроф манъ карда шудааст. Қамаридин Афзалӣ, раиси созмони хатлонии ҲНИТ, мегӯяд, танҳо дар ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолияти ҳудуди 15 масҷиди панҷвақта аз сӯйи мақомот боздошта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, баста шудани масоҷид метавонад боиси нороҳатӣ ва норизоиятии намозгузорон гардад, ки бахши умдаи ҷомеаро ташкил медиҳанд.

"ПАЁМАДАШ НОХУБ АСТ"

Қамариддин Афзалӣ
Созмони хатлонии ин ҳизб аз ҳукумати маҳаллӣ хостааст, барои сабтиноми расмии ин масоҷид мусоидат кунанд, то бастани дарҳои он: "Ҳукуматҳо ва раҳбарияти маҳал бояд нисбат ба сабтином кардани масҷидҳо кӯмаку ҳамкорӣ кунанд. Ин ки маконҳои намозхониву ибодатгоҳҳоро мардум омода мекунанд, чанд муддате намоз мегузоранд, аммо мақомот фаъолияти онро манъ мекунанд ва ҳатто онро тахриб мекунанд, ин, албатта, таъсир ва пайомади нохуб дорад."

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯянд, ҳама 12 масҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи сабтиномшудаи маҳаллӣ фаъолияти озоду бемонеа дошта, ҳеҷ ниҳоди расмӣ озодиҳои мазҳабию эътиқодии шаҳрвандонро маҳдуд накардааст.

Ҳарчанд мақомоти расмӣ шумораи дақиқи масоҷиди дарбаста дар Хатлонро эълон намекунанд, феълан дар аксар шаҳру навоҳии минтақа ниҳодҳои ҳукуматию интизомӣ рейдҳои махсус доир карда, дар робита ба масҷидҳои панҷвақта, ки сабтином нашудаанд, санадҳо тартиб медиҳанд ва намозгузорӣ дар онро манъ мекунанд.
XS
SM
MD
LG